ДАР ТОҶИКИСТОН ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ИСТИФОДА КАРДА МЕШАВАНД

Июль 29, 2009 15:45

                   Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ширкати «Милбауэр» — и Ҷумҳурии Федероли Олмон дар ду даври озмуни эълоннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин раёсати фаъолияти биржавии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бобати дастрас намудани бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии дорои чипҳои электронӣ (шиносномаҳои биометрӣ) ва таҷҳизоту асбобҳои зарурии он ғолиб омад.                    Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар навбати аввал тақрибан сад ҳазор шиносномаи биометрӣ харида хоҳад шуд.                    Тибқи шартномаи озмун, ширкати олмонӣ асбобу анҷом ва таҷҳизоти чопи шиносномаҳои биометриро ба Тоҷикистон оварда, насб карда ва ба кор медарорад. Инчунин дар давоми як моҳ тарзу усулҳои истифодаи асбобу анҷом ва таҷҳизоти чопи шиносномаҳои биометрӣ ба мутахассисони маҳаллӣ омӯхта мешавад.                    Шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аз шиносномаҳои муқаррарӣ бо ҳамин фарқ мекунанд, ки дар онҳо чипи махсуси электронӣ насб карда шудааст. Дар чипи махсус дар бораи соҳиби шиноснома маълумоти муфассал ҷой дода мешавад. Шиносномаи биометрӣ акси соҳибаш ва маълумотро дар бораи ӯ — ному фамилия, номи падар, рӯзи таваллуд, нақши ангушт, тасвири пардаи чашм, сабти овози соҳиби шиноснома, рақами шиноснома, рӯзи дода шудани он ва мӯҳлати ба охир расидани эътибори шиносномаро дар бар мегирад.

Июль 29, 2009 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд