ДАР ТОҶИКИСТОН ШИНОСНОМАҲОИ БИОМЕТРӢ ИСТИФОДА КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Ширкати «Милбауэр» — и Ҷумҳурии Федероли Олмон дар ду даври озмуни эълоннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хариди давлатии мол, корҳо ва хизматрасонӣ, инчунин раёсати фаъолияти биржавии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар бобати дастрас намудани бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии дорои чипҳои электронӣ (шиносномаҳои биометрӣ) ва таҷҳизоту асбобҳои зарурии он ғолиб омад. Аз вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар навбати аввал тақрибан сад ҳазор шиносномаи биометрӣ харида хоҳад шуд. Тибқи шартномаи озмун, ширкати олмонӣ асбобу анҷом ва таҷҳизоти чопи шиносномаҳои биометриро ба Тоҷикистон оварда, насб карда ва ба кор медарорад. Инчунин дар давоми як моҳ тарзу усулҳои истифодаи асбобу анҷом ва таҷҳизоти чопи шиносномаҳои биометрӣ ба мутахассисони маҳаллӣ омӯхта мешавад. Шиносномаҳои хориҷии биометрӣ аз шиносномаҳои муқаррарӣ бо ҳамин фарқ мекунанд, ки дар онҳо чипи махсуси электронӣ насб карда шудааст. Дар чипи махсус дар бораи соҳиби шиноснома маълумоти муфассал ҷой дода мешавад. Шиносномаи биометрӣ акси соҳибаш ва маълумотро дар бораи ӯ — ному фамилия, номи падар, рӯзи таваллуд, нақши ангушт, тасвири пардаи чашм, сабти овози соҳиби шиноснома, рақами шиноснома, рӯзи дода шудани он ва мӯҳлати ба охир расидани эътибори шиносномаро дар бар мегирад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






