ДАР «ТВ САФИНА» СТУДИЯИ ФИЛМҲО СОХТА МЕШАВАД
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Маҳмадсаид Пиров имрӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Вай зикр кард, ки пахши барномаҳои телевизиони «Сафина» дар вилояти Суғд ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонад. Қайд карда шуд, ки ин проблема бояд то охири ҳамин сол мусбат ҳал карда шавад. М. Пиров хабар дод, ки дар телевизиони «Сафина» таҳияи филмҳои бадеии «Пуштаи хандақпеч» ва «Чӯҷаҳо», инчунин филми мустанади «Найсон-2009» анҷом ёфт. Қайд карда шуд, ки дар шӯъбаи тарҷумаҳои телевизиони «Сафина» 15 филми бадеӣ ва 28 филми мустанад ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуд. Мо ният дорем, ки ояндаи наздик дар телевизиони «Сафина» студияи филмсозӣ таъсис диҳем, гуфт М. Пиров.Тарҷумон Қудратов А.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






