ДАР ВАҲДАТ МУЗДИ МЕҲНАТ 51, 6 СОМОНӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 28 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин, дар соҳаи хоҷагии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2009 13 ҳазору 506 нафар коргар ба кор фаро гирифта шудааст. Дар ин муддат маблағи музди меҳнати коргарон 11 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 2 млн.986 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст. Ин бозгӯи он аст, ки шароити кору зиндагии аҳолӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Ҳисоби миёнаи музди меҳнати коргарон дар нимсолаи якуми соли 2009 ба 167 , 3 сомонӣ рост меояд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51, 6сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 322,5 сомонӣ, сохтмон -210,3, нақлиёт — 186,8, кишоварзӣ — 75,1, тандурустӣ -109,1, бонкҳо — 427, 9 ва геология 407 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






