ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАБЛАҒИ ҚАРЗИ АНДОЗ МЕАФЗОЯД

Июль 24, 2009 09:32

                  Хуҷанд, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Сардори Раёсати андози вилояти Суғд Абдуқаюм Воҳидов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар давоми нимаи аввали соли 2009 нақшаи ҷамъоварии андоз бо назардошти андозҳои иҷтимоӣ 103,8 % иҷро карда шуд. Дар бобати ҷамъоварии андоз шаҳрҳои Хуҷанд ва Қайроққум пешсафанд, вале дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод нақшаи ҷамъоварии андоз иҷро нашуд. Дар ин ноҳияҳо нақшаи ҷамъоварии андоз мувофиқан 56 ва 68,6% иҷро шудаасту халос.                 Дар давоми ним соли гузашта дар натиҷаи тафтишҳо ба 772 андозсупоранда ба маблағи 261 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд.                 Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда маблағи қарзи корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ аз ҳисоби сари вақт надодани андоз 137,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо ҳамроҳи муассисаҳои молиявӣ барои ҷамъ овардани маблағи андоз ва ғанитар гардондани хазинаи давлат тамоми тадбирҳоро меандешем,- изҳор намуд А. Воҳидов.

Июль 24, 2009 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд