ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД МАБЛАҒИ ҚАРЗИ АНДОЗ МЕАФЗОЯД
Хуҷанд, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Сардори Раёсати андози вилояти Суғд Абдуқаюм Воҳидов зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар давоми нимаи аввали соли 2009 нақшаи ҷамъоварии андоз бо назардошти андозҳои иҷтимоӣ 103,8 % иҷро карда шуд. Дар бобати ҷамъоварии андоз шаҳрҳои Хуҷанд ва Қайроққум пешсафанд, вале дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафаробод нақшаи ҷамъоварии андоз иҷро нашуд. Дар ин ноҳияҳо нақшаи ҷамъоварии андоз мувофиқан 56 ва 68,6% иҷро шудаасту халос. Дар давоми ним соли гузашта дар натиҷаи тафтишҳо ба 772 андозсупоранда ба маблағи 261 ҳазор сомонӣ ҷарима андохта шуд. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда маблағи қарзи корхонаю муассисаҳо ва аҳолӣ аз ҳисоби сари вақт надодани андоз 137,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мо ҳамроҳи муассисаҳои молиявӣ барои ҷамъ овардани маблағи андоз ва ғанитар гардондани хазинаи давлат тамоми тадбирҳоро меандешем,- изҳор намуд А. Воҳидов.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






