ДАР ВМКБ АНҶУМАНИ ПАЙВАНД ТАЪСИС ЁФТ

Июль 30, 2009 16:48

                  Бадахшон, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар шаҳри Хоруғ бахши вилоятии комиҷроияи Анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар нахустин ҷаласаи он масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Шамсиддин Орумбеков муовини раиси вилоят, роҳбари бахши бадахшонии комиҷроияи анҷумани тоҷикону форсизабонони «Пайванд», устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев муовини ӯ интихоб шуданд. Раиси кумитаи иҷроияи анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» Исомиддин Салоҳиддинов зимни суханронӣ дар ҷаласаи муассисони бахши бадахшонии анҷуман иброз дошт, ки соли 2010 ба таъсисёбии анҷумани тоҷикону форсизабонони дунё «Пайванд» 20 сол пур мешавад.  20 сол қабл анҷуман ба хотири муттаҳидсозии тамоми тоҷикону форсизабононе, ки дар 30 мамлакати ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, дар пиёдасозии масоили умдаи тоҷикону форсизабонон ба хотири эҳёи суннатҳои аҷдодӣ, эмин нигоҳ доштани онҳо аз хатари ҷаҳонишавӣ буд ва имрӯз анҷуман ин вазифаи хешро таҳти сарпарастии Президенти кишвар сарбаландона иҷро менамояд. Ман боварӣ дорам,- афзуд Исомиддин Салоҳиддинов, бахши бадахшонии анҷумани «Пайванд» корҳои бузургро хотима хоҳанд дод.

Июль 30, 2009 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд