ДАСТОВАРДҲОИ НАҚЛИЁТЧИЁН
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ дар мавзӯи ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи вазорат ва муассисаҳои тобеи он нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашӯр ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар ин муддат ҳамаи воситаҳои нақлиёти мамлакат 9 миллиону 208 ҳазору 600 тонна мол кашондаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 2,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба воситаи нақлиёт 75 миллиону 571 ҳазору 300 мусофир кашонда шуд, ки аз соли гузашта 1,6 фоиз зиёд аст. Вазир қайд намуд, ки муассисаҳои ҳавопаймоии мамлакат солҳои охир бештар ҳавопаймоҳои сохти хориҷӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои тамғаи Боингро истифода мебаранд. Бинобар ин истифодаи ҳавопаймоҳои ТУ-154 торафт камтар мешавад. Аз ин рӯ ҳавопаймои тамғаи ТУ-154 ба ширкатҳои ҳавонавардии Эрон ба иҷораи дарозмуддат дода шуд. Даромади софи муассисаҳои соҳа дар давоми шаш моҳи гузашта 450 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дод, гуфт А.Ашӯр.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






