ДАСТОВАРДҲОИ НАҚЛИЁТЧИЁН

Июль 16, 2009 15:32

              Душанбе, 16  июл. (АМИТ «Ховар»,  Кристина Эрлих). — Имрӯз  дар  вазорати  нақлиёт  ва  коммуникатсияи  ҷумҳурӣ  дар  мавзӯи  ҷамъбасти  натиҷаҳои  нимсолаи  вазорат ва  муассисаҳои  тобеи  он  нишасти  матбуотӣ  баргузор  гардид. Вазири  нақлиёт  ва  коммуникатсия  Абдураҳим Ашӯр  ба  журналистон  дар  бораи  натиҷаҳои  фаъолияти  соҳаи  нақлиёт  маълумот  дод. Қайд  карда  шуд, ки дар  ин  муддат ҳамаи  воситаҳои  нақлиёти  мамлакат 9  миллиону  208  ҳазору  600  тонна  мол   кашондаанд.  Ин  нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  2008 — ум 2,5 фоиз   зиёд  мебошад. Дар  ин  давра  ба  воситаи  нақлиёт  75  миллиону 571  ҳазору  300 мусофир  кашонда  шуд, ки   аз  соли  гузашта  1,6  фоиз  зиёд  аст.  Вазир  қайд  намуд, ки  муассисаҳои  ҳавопаймоии  мамлакат   солҳои  охир   бештар ҳавопаймоҳои  сохти  хориҷӣ,  аз  ҷумла,   ҳавопаймоҳои  тамғаи  Боингро  истифода  мебаранд.  Бинобар ин  истифодаи  ҳавопаймоҳои   ТУ-154   торафт  камтар  мешавад. Аз  ин  рӯ  ҳавопаймои  тамғаи  ТУ-154 ба  ширкатҳои  ҳавонавардии  Эрон  ба  иҷораи  дарозмуддат  дода шуд. Даромади  софи   муассисаҳои  соҳа  дар  давоми  шаш  моҳи  гузашта  450 миллиону  800 ҳазор  сомониро ташкил  дод,  гуфт  А.Ашӯр. 

Июль 16, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид