ДАВРИ АВВАЛИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР — 2009» АНҶОМ ЁФТ

Июль 16, 2009 09:47

                    Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Дар Тоҷикистон даври аввали амалиёти «Кӯкнор — 2009» анҷом ёфт, ки аз 10 май то 1 июл давом дошт. Дар ҷараёни амалиёт як тоннаю 134 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла, 354 килограмму 775 грамм героин мусодира карда шуд.                   Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ҷараёни амалиёт аз 245 воҳиди техникӣ истифода бурданд. Барои иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда 380 гурӯҳи зудамал дар ҳайати 2500 нафар ташкил карда шуд. Ба ин ҳайатҳо қариб ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ шомил гаштанд.                    Дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани киштзори зироатҳои худрӯи маводи нашъадор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии онҳо посгоҳҳои доимоамалкунанда пурзӯр намуда, дар роҳҳои асосии ҳамлу нақли маводи нашъадор гурӯҳҳои иловагӣ гузошта шуданд. Дар ҷараёни амалиёт масоҳати 15,015 гектар тафтиш карда, як миллиону 874 ҳазору 807 бех ниҳоли кӯкнор ва банги ҳиндӣ дарёфт намуда, решакан карда ва сӯзонда шуд.                                                                                                        Тарҷумон — Қудратов А.  

Июль 16, 2009 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд