ДАВРИ АВВАЛИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР — 2009» АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Дар Тоҷикистон даври аввали амалиёти «Кӯкнор — 2009» анҷом ёфт, ки аз 10 май то 1 июл давом дошт. Дар ҷараёни амалиёт як тоннаю 134 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла, 354 килограмму 775 грамм героин мусодира карда шуд. Кормандони мақомоти муҳофизи қонуну тартибот дар ҷараёни амалиёт аз 245 воҳиди техникӣ истифода бурданд. Барои иҷрои вазифаҳои ба миён гузошташуда 380 гурӯҳи зудамал дар ҳайати 2500 нафар ташкил карда шуд. Ба ин ҳайатҳо қариб ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ шомил гаштанд. Дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани киштзори зироатҳои худрӯи маводи нашъадор ва пешгирии интиқоли ғайриқонунии онҳо посгоҳҳои доимоамалкунанда пурзӯр намуда, дар роҳҳои асосии ҳамлу нақли маводи нашъадор гурӯҳҳои иловагӣ гузошта шуданд. Дар ҷараёни амалиёт масоҳати 15,015 гектар тафтиш карда, як миллиону 874 ҳазору 807 бех ниҳоли кӯкнор ва банги ҳиндӣ дарёфт намуда, решакан карда ва сӯзонда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






