ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ХУДРО БОЗ ГИРЕД!
Душанбе, 28 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2009-2010 муваққатан қабули довталабонро қатъ намуд. Аз ин рӯ, ба диққати волидайну довталабон расонида мешавад, ки ҳуҷҷатҳои фарзандони худро боз гирифта, то 31 июл ба дигар муассисаҳои олии мамлакат супоранд. Назар ба итиллои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, сабаби қатъ намудани қабули довталабон ба донишкадаи мазкур ба санадҳои ҳуқуқию меъёрии ҷумҳурӣ ҷавобгӯ набудани фаъолияти Донишкадаи мазкур аст. Донишкадаи мазкур аз соли 2003 ҳамчун Донишкадаи байналмилалии Тоҷикистон фаъолият дошт. Алҳол Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ дорои ду факулта -факултаи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ва факултаи технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ буда, дар он 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






