ДУХТАРОНИ МАҲАЛЛӢ КАСБИ ЧЕВАРӢ МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон вақтҳои наздик марказҳои омӯзиши касби дӯзандагӣ барои ҷавондухтарон ва занҳои маҳаллӣ кушода мешаванд. Ин марказҳо бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, ҳадафаш омӯзонидани касби чеварӣ ба духтарони маҳаллӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо аст. Тибқи иттилои Раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумейнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ, алҳол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон даҳ Маркази дӯзандагӣ фаъолият дошта, дар як сол ин марказҳои омӯзишии дӯзандагиро 1400 нафар занону духтарон хатм намуда, ба чеварони беҳтарини мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






