ДУШАНБЕ СОҲИБИ ТЕХНИКАИ НАВИ КОММУНАЛӢ МЕГАРДАД
Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев байни мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе ва ҶСШК «Заводи истеҳсоли машинаҳои коммуналии Мтсенский»-и Федератсияи Русия қарордод ба имзо расид. Мувофиқи он ба маблағи 11 миллиону 532 ҳазору 771 сомонӣ 48 адад воситаҳои нақлиёти коммуналӣ ва 24 адад контейнерҳо харида мешавад. Тибқи қарордод ҷамъияти мазкур муваззаф гардидааст, ки то нимаи аввали моҳи ноябр интиқоли техникаи коммуналиро ба Душанбе таъмин намояд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҶСШК «Заводи истеҳсоли машинаҳои коммуналии Мтсенский»-и Русия дар тендери эълоннамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 29 майи соли равон ҷиҳати харидории воситаҳои нақлиёти коммуналӣ ғолиб дониста шуда буд. Бояд тазаккур дод, ки ин тадбир новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявӣ, имкон фароҳам меорад, то сатҳу сифати хизматрасонии коммуналӣ дар пойтахт беҳтар гардонида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






