ФАБРИКАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ДАР ДЕҲА

Июль 30, 2009 16:49

                    Бадахшон, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони дохиливу бурунмарзӣ раиси ноҳияи Шуғнон Шодихон Ҷамшедов иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ноҳия нақшаи андозро 109 дар сад иҷро намуд. Дар мавзеъҳои Медонаки ҷамоати Поршинев ва Сижди ҷамоати Навобод 10 гектари замини бекорхобида мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, 4 гектар боғ, 17 гектар ҷангалзор бунёд гардид. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта 352 сентнер гӯшт, 3496 сентнер шир зиёдтар истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 1 миллиону 609 ҳазор сомонӣ бештар аст. Бунёди иншооти хурду бузург дар ноҳия идома дорад, аз ҷумла фабрикаи мурғпарварии деҳаи Бунӣ барои 5 ҳазор мурғ пешбинӣ шудааст.  

Июль 30, 2009 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд