ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ СУСТ АСТ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар соҳаҳои сӯзишворию энергетикӣ дар моҳҳои январ — июни соли 2009 ба маблағи 365,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 7 фоиз камтар мебошад. Дар саноати металлургияи ранга индекси истеҳсолот дар нимсолаи якуми соли 2009-ум 86,6 фоизро ташкил дод. Дар корхонаҳои мошинасозӣ ва коркарди фулузот дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 59, 6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 9,8 фоиз камтар аст. Ҳамчунин корхонаҳои таъмири мошину дастгоҳҳо ба андозаи 69 фоиз, автомобилӣ — 36,9 ва дигар соҳаҳои мошинсозӣ ба миқдори 69,5 фоиз истеҳсоли маҳсулотро кам карданд. Дар айни ҳол корхонаҳои саноати кишоварзӣ 146,1 фоиз, электротехникӣ — 134,3 истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






