ФАЪОЛИЯТИ «МАДАД» БЕҲТАР ШУД
Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Маҳмадиев, Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» дар асоси талаботи рӯз корро беҳтар ба роҳ монда, ба воридоти техникаи кишоварзӣ мусоидат намуд. Корхонаи мазкур дар нимсолаи якуми соли 2009 ба корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ ба андозаи 250 ҳазору 255 сомонӣ хизмат расонида ба маблағи 906 ҳазору 883 сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ фурӯхтааст. Ҳамзамон ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид намуд. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 17 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ , аз ҷумла, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Кӯлоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Тоҷикобод ва Хоруғ кушода шуд. Ҷиҳати ба роҳ мондани воридоти техникаю технологияи нав ва қисмхои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ ба намояндагони ҶДММ «Агромашхолдинг» ва ҶДММ «Спутник»-и Федератсияи Русия, заводи тракторсозии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, ҶСК «Мадади Турсунзода», корхонаи муштараки «Тоҷ — Ирон» ва ҶДММ «Хуросон -Агротех» ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 402 адад трактору комбайнҳо ва дигар техникаи кишоварзӣ ворид карда шуд, ки аз он 131 ададашро тракторҳои шудгоркунанда ташкил дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






