ФАЪОЛИЯТИ «МАДАД» БЕҲТАР ШУД

Июль 24, 2009 09:18

                  Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти сардори раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ Сафаралӣ Маҳмадиев, Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» дар асоси талаботи рӯз корро беҳтар ба роҳ монда, ба воридоти техникаи кишоварзӣ мусоидат намуд.                 Корхонаи мазкур дар нимсолаи якуми соли 2009 ба корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ ба андозаи 250 ҳазору                  255 сомонӣ хизмат расонида ба маблағи 906 ҳазору 883 сомонӣ қисмҳои эҳтиётӣ фурӯхтааст. Ҳамзамон ба маблағи зиёда аз 1 миллиону 440 ҳазор сомонӣ техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид намуд.                 Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ 17 адад мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ , аз ҷумла, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтар, Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Панҷ, Кӯлоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Тоҷикобод ва Хоруғ кушода шуд.                 Ҷиҳати ба роҳ мондани воридоти техникаю технологияи нав ва қисмхои эҳтиётии техникаи кишоварзӣ ба намояндагони ҶДММ «Агромашхолдинг» ва ҶДММ «Спутник»-и Федератсияи Русия, заводи тракторсозии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина, ҶСК «Мадади Турсунзода», корхонаи муштараки «Тоҷ — Ирон» ва ҶДММ «Хуросон -Агротех» ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.                  Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 402 адад трактору комбайнҳо ва дигар техникаи кишоварзӣ ворид карда шуд, ки аз он 131 ададашро тракторҳои шудгоркунанда ташкил дод.  

Июль 24, 2009 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид