ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Июль 16, 2009 11:52

                        Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Дилловарзод).- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо меҳнати босамари сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат нисбат ба соли гузашта натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 668 адад қарорҳои раиси шаҳр қабул гардидааст, ки аксари онҳо ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дахл доранд,-иброз дошт муовини аввали раиси шаҳр Қиёмиддин Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ, ки ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд.                         Ба шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳр 4198 адад аснод ворид шудааст, ки аз он 718 ададаш аз мақомоти болоӣ, 521 ададаш аз муассиса ва ташкилотҳо, 3121 ададаш арзу шикотҳои сокинони шаҳру ноҳия мебошанд, ки иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор доранд,-афзуд Қ. Абдуллоев дар баромади худ.                        Мувофиқи маълумотҳои ҷамъбастӣ, ҷамъи даромад ба буҷаи шаҳр 8 млн.482 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он баробари 101 фоизи нақшаи пешбинишуда дар нимсолаи якуми соли 2009 буда, нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 млн. 12 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.                         Сипас, барои хабарнигорон боз 30 дақиқаи иловагӣ баҳри пурсишу посух вақт ҷудо карда шуд.                        Нишасти матбуотӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.

Июль 16, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИЁДАГАРДӢ. Ин намуди варзиш барои нигоҳ доштани вазни муътадили бадан кумак мекунад