ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Июль 27, 2009 14:54

                 Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009 ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрии роҳбарияти ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 32 ҳазору 964 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми арзанда доранд,- иброз дошт Раҳмоналӣ Амиров муовини аввали вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони кишвар.                Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 млрд. 834,1 миллион сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 фоиз зиёд мебошад.               Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри маблағгузории 82,6 ҳазор гектар бо бонкҳо шартнома бастанд. Як қисми хоҷагиҳо дар масоҳати 85,6 гектар парвариши маҳсулоти кишоварзиро дар асоси худмаблағгузорӣ ба роҳ мондаанд.                Маблағи шартномаҳои басташуда 112 млн. 251,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 61, 6 фоизаш маблағгузорӣ карда шудааст. Аз маблағи зикршуда 52 млн. 304,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷа, 108 млн. сомонӣ аз ҳисоби захираҳои бонкӣ ва 6 млн. 40 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ширкатҳо мебошад.                Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 186, 8 ҳазор тонна гандум ба маблағи 38 млн. 138 ҳазор доллари амрикоӣ ва 185, 2 ҳазор тонна орд ба маблағи 54 млн. 720 ҳазор доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.               Ба иттилои муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров соли ҷорӣ имкон дорад дар ҷумҳурӣ то 1 млн. тонна ғалладона истеҳсол карда шавад. Дар дигар соҳаҳои кишоварзӣ ҳам муваффақияти хоҷагидорон хеле хуб аст.               Сипас дар давоми 1 соат миёни хабарнигорону муовини аввали вазир ва сардорони раёсатҳо баҳсу андешарониҳо баргузор шуд, ки ҳар ду ҷониб аз он қаноатманд гардиданд.

Июль 27, 2009 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид