ФИЛМ ДАР БОРАИ К. ХУҶАНДӢ РӮИ НАВОР МЕОЯД
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он раиси кумита Асадулло Раҳмонов оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар ин давра дар асоси созишномаи миёни кумита ва Пули байнидавлатии иттилоотӣ гузоришҳое, ки аз мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудаанд, аз ҷониби хабарнигорони иттилоотӣ бо шакли нав тавассути телевизионҳои марказӣ пахш шуданд. А. Раҳмонов қайд намуд, ки дар шаш моҳи авали соли ҷорӣ ҶСК «Телерадиоком» бо мақсади ташкил намудани шабакаи дохиливилоятии телевизионии барномаҳои ТВ «Суғд» ва беҳтар намудани сифати пахши барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ 41 адад фиристандаи телевизионӣ насб кард. Ӯ илова кард, ки филми мустанади «Истеъдод» аз ҷониби гурӯҳи эҷодии филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дубляжи филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» таҳия гардида ҳикоятгари нахустин дастовардҳои ихтироъкорони ҷавони Тоҷикистон мебошад, ки дар бисёр фестивалҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Киностудия айни ҳол ба таҷдид ва таҳияи қисмати охири филми ҳунарии «Пайроҳаи тақдир», ки аз рӯзгору фаъолияти эҷодии шоири шаҳир Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ҳикоят мекунад шурӯъ кард. Дар ин хусус бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки дар таҳияву таҷдиди филм ташаббускор аст, ҳамкорӣ идома дорад ва дар нимсолаи дуюм филм рӯи навор меояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






