ХАЙМАҲОИ МО ҶУДО, ДИЛҲО ЯКЕСТ
Ба муносибати таҷлили 20-умин солгарди Иди забони тоҷикӣ Ҳар касе, ки дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш. (Румӣ) 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун қабул намуд, ки мувофиқи он ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Инак, аз он рӯз 20 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушанфикрони миллат ҷиҳати ҳифз ва густариши забони тоҷикӣ корҳои шоистае ба анҷом расиданд, ки аз худогоҳии зиёиён ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар мавриди ҳифзи арзишҳои волои миллӣ- фарҳангу забони ноби тоҷикӣ башорат медиҳад. Дар арафаи таҷлили 20-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сӯҳбате оростаем бо аспирант ва коршиноси калони Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон Мирсаид Раҳмонов: Мирсаид Раҳмонов чун дар остонаи ҷашни 20-солагии қабули Қонуни забон қарор дорем, лутфан мегуфтед, ки нақши забони тоҷикӣ дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ дар шароити глобализатсияи ҷомеаи башарӣ дар кадом сатҳ аст? Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷашни забони форси-тоҷикӣ ҳар сол дар рӯзи 22-июл таҷлил мегардад. Ин рӯзро мардуми фарҳангдӯст ва адабшиноси Тоҷикистон ҳамчун рӯзи висоли асли хеш таҷлил ва қадрдонӣ мекунанд. Зеро дар ин рӯзи пуршараф тамоми ҳисобот ва аҳдофи вобаста ба забони форсӣ- тоҷикӣ ва инкишофу таблиғи он ба маърази намоиш гузошта мешавад. Забони форсӣ-тоҷикии имрӯза ҳамон забонест, ки дар тӯли таърих нақши муҳимеро иҷро кардааст ва нишонаҳои он ҳанӯз дар бисёр аз нуқоти ҷаҳон дида мешавад. Ин ҳамон забонест, ки бо равишҳои гӯёи худ забонҳои дигари дунё мисли забони урду-ҳиндӣ, панҷобӣ, балуҷӣ, пашту, ӯзбекӣ, туркманӣ, арабӣ ва туркиро зебо ва сайқал намудааст. Ба гуфти шоири маҳбуби шарқ аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ: Гарчи ҳиндӣ дар узубат шакар аст Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст. Як нуктаро бояд зикр кард, ки мақоми забони ноби тоҷикӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории навини тоҷикон, рушди фарҳанг ва асолати миллӣ бузург аст. Ва забони тоҷикӣ бо гузашти ҳазорсолаҳо тавонистааст бо бузургию устуворӣ ва мақоми худ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷиконро ҳифз намуда, ормонҳои миллиро амалӣ созад. Тавре дар боло зикр кардед, забони форси-тоҷикӣ дар сайқал додани бархе аз забонҳои мардумони Шарқ нақши босазо гузоштааст, метавонед ин матлабро бо мисолҳои мушаххас эзоҳ диҳед? Дар воқеъ забони форсӣ тоҷикӣ модарбузурги забонҳои баъзе аз кишварҳои машриқзамин аст. Ва дар арафаи таҷлили Иди забони тоҷикӣ мехоҳам роҷеъ ба забони урду-ҳиндӣ, ки яке аз забонҳои имрӯзаи дунё шинохта мешавад ва ба гуфти доктор Офтоб Асғар, устоди Донишгоҳи Панҷоби Лоҳури Покистон ва раиси форсидонони ин донишгоҳ «забони урду яке аз духтарони нозанини забони форсӣ-тоҷикӣ маҳсуб мешавад» ки имрӯз дар сарзамини Ҳинду Покистон хело роиҷ ва мавриди истифода қарор дорад, табодули назар намоям. Ин забон баъди дохил шудани мусалмонон ба сарзамини Ҳинду Покистон дар замони сарлашкарии Маҳмуд Ғазнавӣ ба вуҷуд омад.Дар он замон мусалмонон иборат аз турк, иронӣ, араб ва форс буданд, ки бо аҳолии Ҳинд якҷоя зиндагӣ ва мубориза мебурданд. Ба сабаби омехташавӣ асокир аз қавмият ва миллатҳои гуногун забони урду ки маънои забони лашкарӣ дорад мавриди қабули ҳамагон гашт ва аз ҳамон замон то имрӯз мавриди гӯиши мардуми Покистон, баъзе минтақаҳои ҷануби Африқо, Лондон, Канада, Ҳиндустон, сокинони Дубай ва Амороти Арабӣ ва дигар манотиқи Осиёи Ҷанубӣ қарор гирифт. Покистони имрӯза баъди истиклолият дар 14-уми августи 1947 забони урдуро ҳамчун забони расмии давлатии худ қабул кард ва то имрӯз ҳазорҳо манобеъ роҷеъ ба таблиғ ва инкишофи ин забон ба таври расмӣ сурат мегирад.Ва қобили зикр аст, ки Покистони имрӯза бо садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу навиштаҷотҳо ва садову симои худ забони урдуро тарғиб ва ташвиқ менамояд, то мардуми ин сарзамин аз висоли асли хеш дур намонанд ва аз захираҳои илмии ин забон истифодаи маънавӣ ва моддӣ бибаранд.Рӯшанфикрон, адибон ва забоншиносони ин сарзамин ҳамеша аз забон ва адабиёти худ фахр мекунанд ва мардум ва насли ҷавонро аз хатари нобудии забони модарии худ огоҳ ва иблоғ менамоянд. Масъуд Ҳусайнхон яке аз устодони забони урду дар китоби худ зери унвони «урду ко аламия» яъне дарду ранҷи забони урду барои мардуми худ чунин огоҳӣ медиҳад: «Наё насли адос ҳи наҳи, гунги беҳри биҳе-унки манаҳ ми забон ҳи лекин й булнаҳи саки-кон ҳе лекин й сунн наҳи саки-услие ки унси унки модари забон ҷеҳнли ги ҳе». Насли нави мо мутаассифона безабон ва гунг мебошад-дар даҳон забон дорад,аммо сухан гуфта наметавонад-гӯш дорад, аммо шунида наметавонад-зеро забони модарии ӯро аз вай дур кардаанд. Мегуфтед, ки забони урду чӣ гуна забон аст? Бояд зикр кард ки алифбои забони урду аз 51 ҳарф иборат аст, ки ба ҳарфҳои муфрад ё алоҳида ва мураккаб ҷудо мешавад ва бо ҳуруфи форси-тоҷикӣ навишта мешавад. Дар гӯиши ин забон аксар ҷумла ва калимаҳои асили форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад, ки шунаванда ва хонанда аз ӯ лаззати маънавӣ мебарад. Чун зикр кардед, ки забони урду духтари нозанини форси тоҷикӣ аст ва бигуёд, ки мақоми забони форси -тоҷикӣ дар кишвари Покистон дар кадом сатх қарор дорад? Хурсандиовар ин аст, ки дар Покистон ки марказ ва манбаъи аслии забони урду аст дар аксар ҷойҳо шиорҳои калон бо хатти форсӣ-тоҷикӣ ва шеваи урду дида мешавад. Ин намуд шиорҳоро дар аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозорҳову донишгоҳҳо дидан мумкин аст. Барои мисол дар даромадгоҳи донишкадаи санъати шаҳри Лоҳур, ки бо Душанбе бародаршаҳр аст, ба забони форсӣ — тоҷикӣ чунин навиштааст: «касби камол кун то азизи ҷаҳон шавӣ» ва дар ҳуҷҷатҳои донишгоҳи Панҷоби шаҳри Лоҳур ва Хамдарди шаҳри Қарочӣ, ки зиёда аз 160 000 донишҷӯ доранд ба забони форси-тоҷикӣ навишата шудааст-«Донишгоҳи Панҷоб/Ҷомеаи Панҷоб-Панҷоб Юниверсити» ва донишгоҳ-ҷомеаи «Хамдард». Калимаҳои «ҳавои ҷиҳоз»-ҳавопаймо, «зоишгоҳ»-таввалудхона, «харбуза»-харбуз, «Самуса»-самбӯса, «тезрафтор»-босуръат, «тарбуз»-тарбуза, «як лаҳза»-як дақиқа, «шукрия»-ташаккур, «меҳрубонӣ»-раҳмат бо шеваҳои зебои урду бо синонимҳои форси-тоҷикӣ мавриди истифодаи ҳаррӯзаи мардуми ин сарзамин мебошад.Дар даромадгоҳҳои аксари шаҳру деҳоти Покистон шиори «Хуш омадед», «Чашми мо рӯшан, дили мо шод», «Азиз мард ва ҳазарот», «ҷанобон ва хавотини мӯҳтарам», «ҷашни озодӣ муборак», «ҷашни милоди набӣ муборак», «ҷашни Муҳаммад Расули Акрам муборак» бо хатти форсӣ-тоҷикӣ дида мешавад ва зиёраткунандаро ба шавқ ва омӯзиши ин забони ширин дилчасптар мекунад. Шаҳри Мултони Покистон, ки таърихи хело куҳан ва қадима дорад ва тибқи иттилои баъзе манбаъҳо оромгоҳи Шамси Табрезӣ мебошад, бо номи мадинаи авлиё ё шаҳри авлиёҳо ёд мешавад ва дар яке аз мақбараҳои ин шаҳри таърихӣ бо забони форси-тоҷикӣ чунин навишта шудааст: «Мултони мо ба ҷаннати аъло барорбар аст-Оҳиста по бинеҳ ки малоика саҷда мекунад». Бояд зикр кард, ки рӯзнома ва маҷаллаҳои машҳури Покистон бо номҳои форси-тоҷикӣ зери унвони «Ҷанг», «Навои вақт», «Ҷасорат», «Адаби латиф», «Базми Иқбол» ва баъзе дарёҳо, хиёбонҳо, бозорҳо ва тарабхонаҳои онҷо бо номҳои «дарёи Синд», «дарёи Панҷоб», «хиёбони Гулбарг», «шоҳроҳи Қоиди Аъзам», «шаҳид Муртазо Буҳуто», «бозори Аноркулӣ», «Урду бозор», «Баракат моркет ё бозори Баракат» ва тарабхонаи «Зиёфат» ва «Шоҳтоҷ» бо хатти форси- тоҷикӣ зери шеваи забони урду машҳуру маъруфи ҷаҳон мебошанд. Забони урду барои мо мардуми Тоҷикистон, ки воқеан духтари зебои форси-тоҷикӣ мебошад хело аҳамият дошта, ва таърихи ғании 350 солаи ин забони ошиқонаи саршор аз адабиёт, фарҳанг, шеъру ғазалсароӣ ва таърихи бойи инсонӣ ва исломӣ ба мо дастур медиҳад, ки ин забонро мавриди омӯзиши илмӣ ва фарҳангии худ қарор диҳем ва ӯро бо шеваҳои забони форси-тоҷикӣ ҳамвасл ва ҳамнасл гардонем то аз манобеъи маҳфузшудаи ин забони дилкушо ва форам лаззати маънавӣ ва моддӣ ҳосил намоем. Ва ҷойи фахр аст ки ин забони ошиқона дар бисёре аз марказҳои илмии Тоҷикистон аз ҷумла, Донишгоҳи Миллӣ, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва маҳфили адабии Тоҷикистону Покистон зери сарпарастии устодони маъруфи забони ҳиндӣ ва урдушинос мисли Шарафниссо Пӯлодова, Хабибулло Раҷабов, Амр Яздон, Сайфиддин Акрамов, Замира Гаффорова ва дигар донишомӯзони забон ва адабиёти урду мавриди таҳлил ва таҷлил қарор дорад. Тӯли солҳои охир ҷиҳати рушди равобити илмию фарҳангӣ байни Тоҷикистону Покистон кадом қадамҳои устувор гузошта шудааст? Бо истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон равобити илмию фарҳангии ду кишвари дорои таъриху тамаддуни муштарак густариш ёфт. Таъсиси Маркази омӯзиши Покистон дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар санаи 5-уми майи соли 2009 бо иқдом ва сарпарастии сафорати Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мисоли равшани густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангии ду кишвар аст. Ин Марказ дарҳои адабӣ ва фарҳангии худро барои донишомӯзон ва мардуми фарҳангдӯсти Тоҷикистон боз кард ва ҳамчун пули иртиботӣ барои васл ва пайванди забони форсӣ-тоҷикӣ ва урду фаъолият хоҳад кард. Ва қобили зикр аст, ки Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академия илмҳои Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 50 — солаи худ дар соҳаҳои илму фарҳанг, адабиёт ва забон, ҷомеашиносӣ ва кишваршиносӣ бо шӯъбаҳои Ҳинду Покистон, Эрону Афғонистон ва Ғарбу Шарқ таҳлилу баррасии мақолаҳо ва нигоришҳои зиёдеро роҷеъ ба забон ва адабиёти урду-ҳиндӣ, форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ табъ ва нашр намудааст ва дар ин маркази илму дониш аспирантон, докторон ва донишомӯзони зиёде дар соҳаҳои забон ва адабиёти урду-ҳиндӣ, арабӣ-форсӣ кор ва фаъолияти илмӣ мебаранд, ки дар инкишоф ва васли забони урду ва форси-тоҷикӣ барои рӯшанфикрон ва адибони кишварамон аҳамияте бузурге дорад. Дар охир ин нуктаро бояд зикр кард, ки мардуми сарзамини Осиёи Ҷанубӣ ба сабаби васл ва часпиши забони урду, ба мусоҳибон ва меҳмонони хориҷии худ зери унвони «Забони ёри ман туркиву ман туркӣ намедонам»….изҳори муҳаббат, ҳамдардӣ ва ҳамзабонӣ мекунанд ва шиори мазкурро дар ҳар вохӯрӣ бо хориҷиёни беруни кишварашон мавриди истифода қарор медиҳанд ва изҳор мекунанд, ки забону фарҳанги мову шумо якест ва ба қавли алломаи Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ: Аҳли ҳақро ҳуҷҷату даъво якест, Хаймаҳои мо ҷудо, дилҳо якест. Ташаккур барои сӯҳбаи самимӣ, Мусоҳиб Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».