ХИСОРОТРО АЗ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ ПИНҲОН ДОШТАНД

Июль 29, 2009 10:07

                     Душанбе, 29 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дар натиҷаи боронгариҳои зиёд садҳо оилаҳо хисороти молӣ диданд.                      Як чиз боиси таассуф аст, ки аз ҳодисаи табии д ар деҳаи Тоҷиксойи ноҳияи Панҷ ,ки бар асари сел 27 оила хисороти зиёди моддӣ ва то ҳатто ҷонӣ ҳам дид, мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва роҳбарияти вилояти Хатлон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод накарданд. Ин буд, ки то ташкил ёфтани комиссияи махсуси давлатӣ касе аз намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ҳодисаи зери лой мондани хонаҳои истиқоматии 27 оилаи Тоҷиксойи ноҳияи Панҷ огоҳӣ надоштанд.                     Баъди пешниҳод намудани маълумот аз ҷониби комиссияи махсуси ҳукуматӣ, бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таври фаврӣ расонидани кӯмак аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва дар як муддати кӯтоҳ ба зарардидагони ноҳияи Панҷ ба миқдори 150 тонна семент аз маркази ҷумҳурӣ интиқол дода шуд. Рӯзҳои наздик барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба миқдори зарурӣ тахта ва шифер низ расонида мешавад.                     Бино ба гуфти раиси ноҳия Мирзодавлат Сабуров, бо кӯмаки ҳукумати ноҳияи Панҷ ду оила ва бо кӯмаки эмомхатибони ноҳия барои як оила хона бунёд мегардад.                      Ба гуфти сокинони деҳаи Тоҷиксой на ҳамаи оилаҳои камбизоати инҷо то тирамоҳ барои худ хонаҳои истиқоматӣ бунёд карда метавонанд. Аз ин рӯ, сокинони деҳаи Тоҷиксой ба кӯмаку дастгирии ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ниёз доранд.

Июль 29, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд