«ХОВАР» ВА «КАЗИНФОРМ» СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО МЕРАСОНАНД

Июль 8, 2009 15:18

                     Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки ояндаи наздик Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо Агентии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон «Казинформ» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад.                    Ин масъала зимни баргузории ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои роҳбарони Агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни роҳбарияти «Ховар» ва «Казинформ» баррасӣ гардид.                     Тибқи иттилои муовини директори АМИТ «Ховар» Нарзулло Валиев, ки хабаргузории расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагӣ намуд, дар ҷаласа масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкорӣ байни хабаргузориҳои расмии кишварҳои ИДМ, табодули иттилоот, ташкили портали ягонаи иттилоотӣ дар фазои давлатҳои ИДМ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳияи тақвим ва албом роҷеъ ба фаъолияти агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ баррасӣ гардиданд.                    Бояд тазаккур дод, ки АМИТ «Ховар» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ягона хабаргузории расмӣ буда, бо 4 забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ хабар таҳия намуда, дар сайти интернетии худ — www. KHOVAR.TJ пахш месозад. АМИТ «Ховар» соли 1925 таъсис дода шуда, алҳол бо хабаргузориҳои бузурги кишварҳои дунё ба мисли «ИТАР ТАСС» ва «РИА Новости»-и Русия, «ИРНА» ва «Форс»-и Эрон, «СИНХУА»-и Чин, «Кабар»-и Қирғизистон, «АзерТаҷ» ва «Тренд»-и Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст.

Июль 8, 2009 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд