«ХОВАР» ВА «КАЗИНФОРМ» СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО МЕРАСОНАНД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар назар аст, ки ояндаи наздик Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо Агентии давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон «Казинформ» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасонад. Ин масъала зимни баргузории ҷаласаи нӯҳуми Шӯрои роҳбарони Агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон байни роҳбарияти «Ховар» ва «Казинформ» баррасӣ гардид. Тибқи иттилои муовини директори АМИТ «Ховар» Нарзулло Валиев, ки хабаргузории расмии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ намояндагӣ намуд, дар ҷаласа масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкорӣ байни хабаргузориҳои расмии кишварҳои ИДМ, табодули иттилоот, ташкили портали ягонаи иттилоотӣ дар фазои давлатҳои ИДМ, омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳияи тақвим ва албом роҷеъ ба фаъолияти агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ баррасӣ гардиданд. Бояд тазаккур дод, ки АМИТ «Ховар» дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ягона хабаргузории расмӣ буда, бо 4 забон- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ хабар таҳия намуда, дар сайти интернетии худ — www. KHOVAR.TJ пахш месозад. АМИТ «Ховар» соли 1925 таъсис дода шуда, алҳол бо хабаргузориҳои бузурги кишварҳои дунё ба мисли «ИТАР ТАСС» ва «РИА Новости»-и Русия, «ИРНА» ва «Форс»-и Эрон, «СИНХУА»-и Чин, «Кабар»-и Қирғизистон, «АзерТаҷ» ва «Тренд»-и Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






