ИҶРОИ БАРНОМА ШУРӮЪ ШУД
Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Маҷлиси нахустини ситоди амалӣ сохтани барномаи «Рушди соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи мазкур, вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирон ва хабарнигорон иштирок доштанд. Қайд карда шуд, ки барномаи мазкурро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ таҳия намуданд. Барномаи мазкурро Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 июл тасдиқ намуд. Барнома бо назардошти масъалаҳои муҳимтарини Нақшаи миллии стратегии рушд дар давраи то соли 2015 таҳия гардида, ҳадафи он то ҳадди имкон тезонидани суръати кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бартараф сохтани монеаҳои маъмурӣ, кам кардани хароҷоти фаъолияти сармоягузорӣ ва ғайра мебошад. Дар доираи барнома амалӣ сохтани тадбирҳое пешбинӣ карда мешавад, ки ҳадафи онҳо рушди соҳибкорӣ дар мамлакат аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлисҳои ситоди мазкур то пурра иҷро шудани барнома мунтазам гузаронида мешаванд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






