ИҶРОИ БАРНОМА ШУРӮЪ ШУД

Июль 17, 2009 15:16

                  Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Маҷлиси нахустини ситоди амалӣ сохтани барномаи «Рушди соҳибкорӣ — 200 рӯзи ислоҳот» имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Кумитаи мазкур, вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирон ва хабарнигорон иштирок доштанд. Қайд карда шуд, ки барномаи мазкурро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони созмонҳои байналхалқӣ таҳия намуданд.                 Барномаи мазкурро Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 июл тасдиқ намуд. Барнома бо назардошти масъалаҳои муҳимтарини Нақшаи миллии стратегии рушд дар давраи то соли 2015 таҳия гардида, ҳадафи он то ҳадди имкон тезонидани суръати кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бартараф сохтани монеаҳои маъмурӣ, кам кардани хароҷоти фаъолияти сармоягузорӣ ва ғайра мебошад. Дар доираи барнома амалӣ сохтани тадбирҳое пешбинӣ карда мешавад, ки ҳадафи онҳо рушди соҳибкорӣ дар мамлакат аст.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлисҳои ситоди мазкур то пурра иҷро шудани барнома мунтазам гузаронида мешаванд.                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 17, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад