ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадалӣ Салим, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 22 млн. 185 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар корхонаҳои саноатӣ 46 тонна нахи пахта, 79 тонна чигити тухмӣ, 32 ҳазору 617 метри мукааб қум, 41 ҳазору 324 метри мукааб сангпора, 12 ҳазору 514 метри мукааб шағали омехта, 1 млн. 231 ҳазор дона хишт, 1716 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 18 ҳазору 338 дал обҳои минералӣ ва дигар нӯшокиҳо истеҳсол гардиданд. Дар ноҳия 17 корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва 13 корхонаи хиштбарорӣ фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мондаанд. Дар нимсолаи якум корхонаҳои хиштистеҳсолкунанда, ки иқтидори 70 млн. дона хиштро дар як сол доранд, сохта ба истифода дода шуданд.








Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?






