ИТТИФОҚИ КИНОСОЗОНИ ТОҶИКИСТОН БА БИНОИ НАВ КӮЧИД

Июль 14, 2009 09:17

                   Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Иттифоқи киносозони Тоҷикистон ба номи Борис Кимёгаров ба бинои кинотеатри собиқи «Зебунисо» кӯчид, ки дар  километри 7 — уми хиёбони ба номи С.Айнӣ воқеъ мебошад. Минбаъд фаъолияти Иттифоқи киносозони ҷумҳурӣ дар ҳамин ҷо давом дода мешавад. Директори «Хонаи кино» Сафар Ҳақдодов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бинои кинотеатр то имрӯз аз тармими куллӣ бароварда шуд. Аз ҷумла, боми он, утоқҳои кории ошёнаҳои якуму дуюм ва намуди берунии бино мувофиқи талаботи имрӯза таъмир гардид.                 С.Ҳақдодов изҳори таассуф намуд, ки дар бинои нав барои намоиши филмҳо таҷҳизоти зарурӣ вуҷуд надорад. Айни ҳол мо аз нарасидани воситаҳои техникӣ танқисӣ мекашем, акси садо низ дар толори кинотеатр ба талабот ҷавоб намедиҳад.                  Инчунин бинои нави Иттифоқи киносозон аз маркази шаҳр хеле дур воқеъ гардидааст.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ бинои «Хонаи кино» аз 28 августи соли 2008 ба ихтиёри Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дода шуда буд.

Июль 14, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд