КИШТИ ТАКРОРӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар заминҳое,ки ҳосили зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст, кишти такрории зироатҳо давом дорад. То 1-уми июли соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)дар майдони 22 ҳазору 877 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст. Соли ҷорӣ кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон то 1-уми июл дар масоҳати 20 ҳазору 892 гектар гузаронида шудааст. Тибқи нақша имсол кишти такрорӣ дар масоҳати 102 ҳазору 149 гектар гузаронида мешавад. Тибқи маълумоти ҳаин манбаъ, то 1-уми июл дар майдони 4285 гектар ғалладона, дар 4996 гектар ҷуворимакка барои дон, 450 гектар зироатҳои техникӣ, 39 гектар картошка ва дар 10 ҳазору 588 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






