КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ПОЙТАХТ АЗ САНҶИШ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАНД

Июль 15, 2009 10:45

                    Душанбе, 15 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси шаҳри   Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи назоратии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муовини соҳавии худ оид ба саноат Маъруф Сайфиев дастур дод, ки дар мӯҳлати се моҳ ҳолати корхонаҳои саноатии хусусигардидаи пойтахтро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба унвонии шаҳрдорӣ ахбор пешниҳод созад.             Инчунин, бо мақсади таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва ҷилавгирии талафоти он ба масъулини сохторҳои зертобеи ШСХК «Барқи тоҷик» супориш дода шуд, ки назорат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни муштариён пурзӯр намоянд.             Ҳамзамон, Раиси шаҳр аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидори хизматрасони коммуналӣ, ки дар тавозунашон қубурҳои муҳандисӣ доранд, талаб намуд, ки дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳои пойтахт масъалаи бо сарпӯшҳо таъмин кардани чоҳҳои муҳандисиро ҳаллу фасл намоянд.

Июль 15, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад