КЎМАКИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).-Дирӯз дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё дар бораи расондани кӯмаки навбатӣ барои рафъи оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ қарордод имзо шуд. Тибқи қарордод, Бонки рушди Осиё бо ин мақсад ба Тоҷикистон ба маблағи 40 миллион доллари ИМА кӯмак мерасонад. Кӯмаки бонки мазкур ба Ҳукумати мамлакат имкон медиҳад, барномаҳоеро иҷро кунад, ки ба таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии мардум, додани музди кору маош, ёрдампулиҳо ва таъминоти гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ бо озуқаворӣ ва дору равона карда шудаанд. Як қисми маблағи кӯмак барои ташкили ҷойҳои нави кор барои муҳоҷирони аз мамлакатҳои дигар баргашта сарф карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки қарордоди мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва аз ҷониби Бонки рушди Осиё намояндаи доимии он Макото Оҷиро имзо карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






