ЛОИҲАИ ТАНДУРУСТИИ ЗАМИНАВӢ ВА ҶАМОАВӢ ФАЪОЛИЯТАШРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД

Июль 23, 2009 16:14

                   Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ дар 41 ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон, бо аҳолии зиёда аз 4,5 миллион (65% аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) амалӣ мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсоз бо ҷомеа ва васоити ахбори оммаи Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Лайлӣ Аҳмадова хабар дод.                  Дар вилояти Хатлон ҳудуди фарогирии Лоиҳа 25 ноҳия бо шумораи умумии аҳолӣ 2,4 милллион нафар, дар вилояти Суғд бошад — 16 ноҳия бо шумораи умумии 2,1 миллион нафар мебошанд.                 Лоиҳа омӯзиши 22 нафар кормандони Вазорати тандурустӣ, Раёсатҳои тандурустии вилояти Суғд ва Хатлон ва сардухтурони беморхонаҳои марказии ноҳияҳоро дар шаҳрҳои Бишкек, Москва, Санкт-Петербург дар мавзӯъҳои ислоҳоти молиявӣ, пурқувват намудани ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, амалӣ гардонидани системаи компютери иттилоотӣ ташкил кардааст.                  Инчунин, натиҷаҳои мониторинги омӯзиши доираи фарогириаш васеъ, ки онро 250 нафар кормандони тиб бо асосҳои идоракунии тандурустӣ, 1367 нафар бо менеҷменти молиявӣ ва 628 нафар бо малакаҳои компютерӣ нишон дод, ки ба ҳисоби миёна, зиёда аз 80% шунавандагон сатҳи хуби донишро соҳибанд.   

Июль 23, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд