МАҶАЛЛАҲОИ АРАБӢ ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 25 июл. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Мақолаи мусаввар бо унвони «Президенти Тоҷикистон дар Ҷануби Сино дарахт мешинонад» дар рӯзномаи бонуфузи «ал-Ахбор» рӯзи 21 июли соли равон ба чоп расид. Инчунин, хабарнигори рӯзномаи «аш-Шарқ ал-Авсат», ки дар Лондон бо забони арабӣ нашр мегардад, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибае роҷеъ ба чопи арабии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» анҷом дод, ки он дар шакли мақолаву хабарҳои ҷудогона метавонад нашр шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Мавриди ёдоварист, ки аз 13 то 17 — уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва доир намудани вохӯриҳои муҳими дуҷониба дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дошт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






