МАҶАЛЛАҲОИ АРАБӢ ДАР БОРАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

Июль 25, 2009 10:53

                 Душанбе, 25 июл. (НИАТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Мақолаи мусаввар бо унвони «Президенти Тоҷикистон дар Ҷануби Сино дарахт мешинонад» дар рӯзномаи бонуфузи «ал-Ахбор» рӯзи 21 июли соли равон ба чоп расид.                  Инчунин, хабарнигори рӯзномаи «аш-Шарқ ал-Авсат», ки дар Лондон бо забони арабӣ нашр мегардад, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибае роҷеъ ба чопи арабии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» анҷом дод, ки он дар шакли мақолаву хабарҳои ҷудогона метавонад нашр шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.                 Мавриди ёдоварист, ки аз 13 то 17 — уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ ва доир намудани вохӯриҳои муҳими дуҷониба дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дошт.

Июль 25, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид