МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА СЕНАТИ ПОКИСТОН ДАР РОҲИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ гардид. Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон. М. Убайдуллоев ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон қадами устуворе дар роҳи тақвияти муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Покистон арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид кард, ки дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар, ки дар асоси сиёсати дӯстонаву созандаи Сарони давлатҳо амалӣ мешаванд, нек мебошанд. Сафари расмии Президенти Покистон ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои созанда заминаи устувор хоҳад гузошт. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Эъломия дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистонро ёдрас шуда, гуфт, ки дар заминаи иҷроиши он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шудааст ва он ба густариши ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард. Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои онро нек арзёбӣ намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин авзои Афғонистон ва дарёфти роҳҳои мусолиматомези пойдории сулҳу суботро дар ин кишвар баррасӣ намуда, дар ин самт омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистонро ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ ҳамчун намунаи нодир таъкид доштанд. Дар ин хусус, аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






