МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА СЕНАТИ ПОКИСТОН ДАР РОҲИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО

Июль 30, 2009 11:10

                Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Покистон зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, ки бо нахустин сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад, баррасӣ гардид.                 Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон. М. Убайдуллоев ташрифи меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон қадами устуворе дар роҳи тақвияти муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Покистон арзёбӣ кард. Мавсуф таъкид кард, ки дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар, ки дар асоси сиёсати дӯстонаву созандаи Сарони давлатҳо амалӣ мешаванд, нек мебошанд. Сафари расмии Президенти Покистон ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои созанда заминаи устувор хоҳад гузошт.                Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Эъломия дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистонро ёдрас шуда, гуфт, ки дар заминаи иҷроиши он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис дода шудааст ва он ба густариши ҳамкориҳои минбаъда мусоидат хоҳад кард.                Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои онро нек арзёбӣ намуд.                 Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин авзои Афғонистон ва дарёфти роҳҳои мусолиматомези пойдории сулҳу суботро дар ин кишвар баррасӣ намуда, дар ин самт омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистонро ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ ҳамчун намунаи нодир таъкид доштанд. Дар ин хусус, аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Июль 30, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид