МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИДМ

Июль 30, 2009 15:26

                  Маскав, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар Маскав маҷлиси 23 — юми Шӯрои байнмидавлатии ИДМ бахшида ба пешгирӣ ва кам кардани фалокатҳои табиӣ ва дорои хусусияти техногенӣ кушода шуд.                   Иштирокчиёни маҷлис роҳу усулҳои ҳамкории мамлакатҳои ИДМ — ро дар бобати пешгирӣ кардан ва барҳам додани оқибати фалокатҳои табиӣ ва техногенӣ муайян менамоянд. Аз ҷумла, усулҳои дар амал татбиқ намудани нақшаи тадбирҳои асосии иҷрои барномаи рушди минбаъдаи иттиҳод, гузаронидани машқҳои корпуси қувваҳои ИДМ барои барҳам додани оқибатҳои фалокат ва дастраси ҳамдигар гардонидани маълумот дар ин хусус муҳокима карда мешавад.                 Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулоддаи ИДМ соли 1993 ташкил ёфта буд. Ба ҳайати он муовинони аввали вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори мамлакатҳои ИДМ шомиланд.

Июль 30, 2009 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд