МАЛИКШО НЕЪМАТОВ: 136 НАФАР ҶАВОНОН БО ҶОИ КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН ШУДАНД

Июль 11, 2009 09:46

                Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Давоми нимсола ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор гардида, дар натиҷа 136 нафар ба корҳои доимӣ ва 32 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, қайд намуд дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов.               Инчунин, давоми нимсола Корхона бо субъектҳои хоҷагидории вилояти Волгоград барои бо кор таъмин намудани 250 нафар созишнома ба имзо расонид. Дар назди Биржаи меҳнатии ҷавонони Кумита айни замон маркази иттилоотӣ оид ба ҷойҳои кори холӣ амал менамояд, ки 933(220 ҷой дар хориҷи кишвар ва 713 ҷой дар дохили кишвар)ҷойҳои кори холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.                 Илова ба ин, Биржаи меҳнатии ҷавонони Кумита бобати рафъи бекорӣ пайваста семинару мизҳои мудаввар доир менамояд.

Июль 11, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд