МАЛИКШО НЕЪМАТОВ: 136 НАФАР ҶАВОНОН БО ҶОИ КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН ШУДАНД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Давоми нимсола ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» мунтазам ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ баргузор гардида, дар натиҷа 136 нафар ба корҳои доимӣ ва 32 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд, қайд намуд дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов. Инчунин, давоми нимсола Корхона бо субъектҳои хоҷагидории вилояти Волгоград барои бо кор таъмин намудани 250 нафар созишнома ба имзо расонид. Дар назди Биржаи меҳнатии ҷавонони Кумита айни замон маркази иттилоотӣ оид ба ҷойҳои кори холӣ амал менамояд, ки 933(220 ҷой дар хориҷи кишвар ва 713 ҷой дар дохили кишвар)ҷойҳои кори холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст. Илова ба ин, Биржаи меҳнатии ҷавонони Кумита бобати рафъи бекорӣ пайваста семинару мизҳои мудаввар доир менамояд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






