«МАРКАЗҲОИ БЎҲРОНӢ: ВОҚЕИЯТ ВА ПЕШОМАДҲО
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз дар Душанбе бо дастгирии Барномаи гендерии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар мавзўи «Марказҳои бўҳронӣ: воқеият ва пешомадҳо» мизи мудаввар баргузор мегардад. Мизи мудаввар дар чаҳорчўбаи лоиҳаи «Дастгирӣ ва рушди марказҳои бўҳронӣ», ки яке аз вазифаҳои он таҳлил ва ҷамъоварии маълумотҳо дар бораи фаъолияти марказҳои бўҳронии ҶТ ва таҳияи барномаи электронӣ — базаи маълумотҳо дар бораи марказҳои бўҳронии амалкунандаи мамлакат мебошад, гузаронда мешавад. Ҳоло дар бораи 35 Иттиҳодияи ҷамъиятие, ки бо мақсади дастгирии қурбониёни зўроварӣ фаъолият мекунанд, маълумот гирд оварда шудааст. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин ташкилоти хориҷӣ хабар доданд, мақсади мизи мудаввар — таҳлил ва муайян кардани иқдомҳои минбаъда баҳри дастгирӣ ва рушди Марказҳои бўҳронӣ бо мақсади мусоидат ба фаъолияти самарабахши марказҳои бўҳронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатии ҶТ. Айнан ҳамин гуна масъалаҳо зимни мизи мудаввар дар Хуҷанд 14 июл дар ҳамкорӣ бо Маркази бонувони Хуҷанд «Гулрухсор» муҳокима карда мешаванд. Дар муддати 5 сол ба марказҳои бӯҳронӣ 17 676 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора зиёда аз 77, 2 %-ро занон ташкил медиҳанд. Дар 5 соли охир шумораи МБ зиёд гардида, муроҷиати занон ба ин марказҳо низ афзудааст. Ҳоло миқдори худкушиҳо чӣ дар байни занон ва чӣ дар байни мардон зиёд гардид. Аз ин рў фаъолияти чунин марказҳои бӯҳронӣ саривақтӣ ва мубрам ба шумор мераванд.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






