МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Бишкек, 30 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — Раиси шаҳри Бишкек Наримон Тюлев 29 июл ба сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ муроҷиатнома дарҷ намуда, хабар дод, ки маросими савгандёдкунии Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 2 август баргузор мегардад. Вай ёдовар шуд, ки дар ин муддат дар Қирғизистон ду воқеаи муҳим рух медиҳад. Рӯзҳои 31 июл ва 1 август дар Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Ин воқеа аз ҷиҳати таъмини амнияти дастаҷамъии байналхалқӣ аҳамияти калон дошта, барои мо ифтихори бузург мебошад. Воқеаи дигари муҳим, ки дар давоми ҳамин ҳафта дар пойтахти мамлакат баргузор мегардад, маросими ботантанаи савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи раиси шаҳри Бишкек. Тарҷумон — Қудратов А.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






