МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Июль 30, 2009 10:42

                  Бишкек, 30 июл. (АМИТ «Ховар» — Лента.Ру). — Раиси шаҳри Бишкек Наримон Тюлев 29 июл ба сокинон ва меҳмонони пойтахти ҷумҳурӣ муроҷиатнома дарҷ намуда, хабар дод, ки маросими савгандёдкунии Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев 2 август баргузор мегардад.                   Вай ёдовар шуд, ки дар ин муддат дар Қирғизистон ду воқеаи муҳим рух медиҳад. Рӯзҳои 31 июл ва 1 август дар Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Ин воқеа аз ҷиҳати таъмини амнияти дастаҷамъии байналхалқӣ аҳамияти калон дошта, барои мо ифтихори бузург мебошад. Воқеаи дигари муҳим, ки дар давоми ҳамин ҳафта дар пойтахти мамлакат баргузор мегардад, маросими ботантанаи савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, гуфта мешавад дар муроҷиатномаи раиси шаҳри Бишкек.                                                                                                Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 30, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад