МОҲИ АВГУСТ САНҶИШИ КОРХОНАҲОИ ХАТЛОН ШУРӮЪ МЕШАВАД

Июль 30, 2009 09:21

               Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муфлис эълон кардани корхонаҳое, ки фаъолияташон дар асоси оиннома ба роҳ монда нашудааст ва ё аз фаъолият боз мондаанд, комиссияи махсус таъсис дод.              Дар назар аст, ки комиссияи ҳукуматӣ аз аввали моҳи август ба санҷиши фаъолияти корхонаҳои вилояти Хатлон оғоз карда, аз кори онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навбати худ корхонаҳои фаъолияташон суст ва умуман фаъолиятнадоштаро муфлис эълон мекунад.              Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар кишвар 801 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 130 корхона пурра аз фаъолият монда, боқимондаашон ба андозаи 50 фоизи иқтидори истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла дар ВМКБ аз 12 корхона — 5, вилояти Суғд аз 235 — 138, Хатлон аз 234 — 142, шаҳри Душанбе аз 237 — 126 ва дар НТҶ аз 125 — 50 корхона фаъолият мекунад.

Июль 30, 2009 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд