МОҲИ АВГУСТ САНҶИШИ КОРХОНАҲОИ ХАТЛОН ШУРӮЪ МЕШАВАД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муфлис эълон кардани корхонаҳое, ки фаъолияташон дар асоси оиннома ба роҳ монда нашудааст ва ё аз фаъолият боз мондаанд, комиссияи махсус таъсис дод. Дар назар аст, ки комиссияи ҳукуматӣ аз аввали моҳи август ба санҷиши фаъолияти корхонаҳои вилояти Хатлон оғоз карда, аз кори онҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар навбати худ корхонаҳои фаъолияташон суст ва умуман фаъолиятнадоштаро муфлис эълон мекунад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар кишвар 801 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 130 корхона пурра аз фаъолият монда, боқимондаашон ба андозаи 50 фоизи иқтидори истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла дар ВМКБ аз 12 корхона — 5, вилояти Суғд аз 235 — 138, Хатлон аз 234 — 142, шаҳри Душанбе аз 237 — 126 ва дар НТҶ аз 125 — 50 корхона фаъолият мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






