МОДДАИ ДУЮМИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОНРО КАСЕ БЕКОР НАКАРДААСТ

Июль 31, 2009 10:10

                     Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳақиқатро изҳор намуда, зикр кард, ки дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва интернет ба муқобили Тоҷикистон маъракаи ғаразноку мақсаднок пеш гирифта шудааст. Ин дафъа ҳам баъди муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи забон дар воситаҳои ахбори оммавии Русия ва саҳифаҳои интернет мақолаҳое чоп мешаванд, ки суханони Сардори давлати моро беасос таҳриф менамоянд.                    Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ шояд ягона мамлакате бошад, ки дар он ҳуқуқи аҳолии русзабон маҳдуд карда нашудааст. Аз рӯи шунидам, дар Қирғизистон низ забони русӣ ҳамчун забони дуюми расмӣ истифода карда мешавад. Зиёда аз ин нақши забони русӣ ва ҳуқуқи истифодаи он дар Конститутсияи мамлакати мо қонунӣ гардонида шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «Забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо боқӣ мемонад», «ҳамаи халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон ҳақ доранд ба забони модарии худ озодона гуфтугӯ кунанд».                     Агар як давлати мустақил барои таҳким бахшидани мавқеи забони давлатӣ дар қаламрави худ бе маҳдуд сохтани забонҳои дигар тадбирҳо андешад, барои чӣ ин сабаби ташвишу изтироб ва норозигии шаҳрвандони мамлакати дигар мегашта бошад?Мо мақолаҳои дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва барномаҳои интернетии дар Русия пахшгардида роҷеъ ба тақдири минбаъдаи забони русӣ дар Тоҷикистонро беасос мешуморем, зеро Тоҷикистон барои рушду нумӯи забони русӣ дар қаламрави худ бисёр корҳоро ба сомон расондааст.                     Аввалан, то имрӯз дар ҷумҳурии мо касе моддаи дуюми Конститутсияро бекор накардааст. Дар робита забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчун забони муоширати миллатҳои гуногун боқӣ мемонад. Истифодаи забони давлатӣ дар мукотибаи расмию тиҷоратӣ дар дохили мамлакат ҳуқуқи бевоситаи ҳар давлати мустақил ва соҳибихтиёр мебошад.                     Баъдан дар ҳамон қонуни «Забони тоҷикӣ», ки ҳанӯз соли 1989, дар давраи Ҳокимияти шӯравӣ қабул шуда буд, дар бораи мақоми забони русӣ чизе гуфта нашудааст. Бо вуҷуди ин забони русӣ дар қаламрави Тоҷикистон бе ягон маҳдудкунӣ ва мамониат истифода карда мешуд ва мешавад. Дар ин давра дар мамлакати мо ҳеҷ кас ҳуқуқи истифодаи забони русиро маҳдуд накардааст.                   Зиёда аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003 таҳти № 0508 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии беҳтар сохтани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2004 — 2014» қарор қабул кард, ки ба рушду нумӯи забони русӣ дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.                   Дар ҳуҷҷатҳои меъёрию қонунии соҳаи маорифи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки «проблемаи ташаккул ва инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва ин дар Конститутсияи мамлакат ва Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ҳукми қонунӣ гирифтааст. Дар боби аввали ин ҳуҷҷатҳо гуфта мешавад, ки «мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1996 таҳти рақами 194 «Дар бораи такмили сохторҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни таълими забонҳои русию англисӣ синфҳо ба гурӯҳҳо тақсим карда мешаванд. Ҳар сол дар Тоҷикистон барои талабагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ олимпиадаҳои забонҳои русӣ ва англисӣ баргузор мегарданд».                  Дар Тоҷикистон Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дорад, имсол дар Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов кушода шуд, инчунин қариб ҳамаи факултаҳои мактабҳои олии мамлакат шӯъбаҳои забони русӣ доранд. Ҳамаи ин шаҳодат медиҳад, ки забони русӣ дар Тоҷикистон то ҳол ба таври васеъ истифода бурда мешавад.                   Айни ҳол вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро «Дар бораи ифтитоҳ ва фаъолияти филиалҳои мактабҳои олии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва филиалҳои мактабҳои олии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия» таҳия кардаанд. Ба қавли вазири маорифи Тоҷикистон А.Раҳмонов созишномаи мазкур моҳи октябри соли равон зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Федератсияи Русия имзо карда хоҳад шуд. Баъди имзои он дар Тоҷикистон кушодани филиали донишкадаҳои маъданшиносӣ, истихроҷи маъдан ва рехтагарии пӯлоди Маскав пешбинӣ карда мешавад. Аз ҳамаи гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон барои истифода ва рушду нумӯи забони русӣ тамоми шароит муҳайёст ва ҳеҷ кас ҳуқуқи истифодаи забони русиро дар мамлакати мо маҳдуд насохтааст.                     Вале ҳаминаш маълум нест, ки журналистон ва баъзе сиёсатмадорони Русия ба унвони шарики стратегии мамлакаташон дар Осиёи Марказӣ ҳар гуна даъвоҳои беасос пеш оварда, чӣ мехоста бошанд ?                     Карим Одинаев,                    муаллими калони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия                    Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 31, 2009 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид