МУҲОКИМАИ МЕЪЁРҲОИ ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Меъёрҳои истифодаи забони адабии тоҷик» конфронс баргузор гардид. Конфронс ба 20- солагии қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бахшида шуд. Дар он намояндагони муассисаҳои илмии академияи илмҳо, мактабҳои олӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва зиёиён иштирок намуданд. Дар конфронс масъалаҳои риояи меъёрҳои истифодаи забони давлатӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр шуд, ки дар ин масъала баробари натиҷаҳои мусбат ҳанӯз ҳам камбудию норасоиҳо хеле зиёд аст. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қонуни нав таҳия карда шудааст ва муҳокимаи лоиҳаи он давом дорад. Дар ҳуҷҷат на танҳо мақоми забони давлатӣ, балки роҳу усулҳои ҳифзи забонҳои дигари миллатҳои сокини Тоҷикистон муайян карда шудаанд. Тарҷумон Қудратов А.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






