МУҲОКИМАИ МЕЪЁРҲОИ ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Июль 11, 2009 10:20

                 Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Дирӯз дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Меъёрҳои истифодаи забони адабии тоҷик» конфронс баргузор гардид. Конфронс ба 20- солагии қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» бахшида шуд. Дар он намояндагони муассисаҳои илмии академияи илмҳо, мактабҳои олӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ва зиёиён иштирок намуданд. Дар конфронс масъалаҳои риояи меъёрҳои истифодаи забони давлатӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.                 Зикр шуд, ки дар ин масъала баробари натиҷаҳои мусбат ҳанӯз ҳам камбудию норасоиҳо хеле зиёд аст. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қонуни нав таҳия карда шудааст ва муҳокимаи лоиҳаи он давом дорад. Дар ҳуҷҷат на танҳо мақоми забони давлатӣ, балки роҳу усулҳои ҳифзи забонҳои дигари миллатҳои сокини Тоҷикистон муайян карда шудаанд.                                                                                                         Тарҷумон Қудратов А.

Июль 11, 2009 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид