МУЛОҚОТҲОИ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ ДАР МИСР

Июль 17, 2009 08:56

                Душанбе, 17 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷараёни иштирокаш дар мулоқоти 15 — уми сарони давлатҳои аъзои Ҷунбиши ғайримунсалик дар шаҳри Шарм уш Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Лабид Абовӣ мулоқот кард.  Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои минтақавию байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳашон табодули назар намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи тадбирҳои идонаи бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам маълумот дод.                 Лабид Абовӣ ба тадбирҳои идонаи бахшида ба Имоми Аъзам мароқ зоҳир намуда, зикр кард, ки намояндагони мамлакаташ дар симпозиуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Мероси илмии Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи фарҳангҳо» иштирок хоҳанд кард.  Симпозиуми мазкур аввали моҳи октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ дар ин ҷо инчунин бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта мулоқот анҷом дод. Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю минтақавӣ муҳокима намуда, аҳамияти мулоқоти қарибулвуқӯи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд.                                                                                                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Июль 17, 2009 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд