МУЛОҚОТ ДАР СААД

Июль 8, 2009 16:34

         Маскав, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Муовини Муншии умумии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ А. Бадалян 7 июл бо роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, намояндаи махсуси Муншии умумии СММ М. Енча мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мавриди назари тарафайн, аз ҷумла равнақу ривоҷи ҳамкории СААД ва СММ дар Осиёи Марказӣ, андешидани тадбирҳои мушатарак дар мубориза ба муқобили терроризм, хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷинояти муташаккилона муҳокима шуданд.Мусоҳибон роҷеъ ба вазъияти Афғонистони ҳамсоя дар арафаи интихоботи президент ва парлумони ин мамлакат табодули назар карданд. Мулоқоти мазкур тибқи паймони қаблан ба даст омада баргузор гардид. А. Бадалян ва М. Енча паймон карданд, ки ҳамкориро дар минтақа барои ҳалли проблемаҳои замони ҳозира давом диҳанд.Тарҷумон Қудратов А.

Июль 8, 2009 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд